4 сентябри соли 2026 ба Думаи давлатии Россия лоиҳаи қонуне пешниҳод гардид, ки маҳдуд намудани вуруди аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатиро пешбинӣ мекунад.
Муҳим: Лоиҳаи қонун ҳанӯз қабул нашудааст. Қоидаҳои амалкунандаи вуруд ба Россия тағйир наёфтаанд.
Кадом тағйирот пешниҳод карда мешаванд?
Пешниҳод шудааст, ки вуруди аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба Россия манъ карда шавад, агар онҳо барои будубош дар ин кишвар дигар асосҳои қонунӣ надошта бошанд. Сухан дар бораи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ меравад, ки ҳамчун аъзои оилаи муҳоҷири меҳнатӣ, масалан, ҳамсар ва фарзандони ӯ, ба Россия сафар мекунанд.
Агар лоиҳаи қонун қабул шавад, ҳар як узви оила бояд барои ворид шудан ба Россия ё будубош дар ин кишвар асоси қонунии мустақил дошта бошад. Чунин асос метавонад фаъолияти меҳнатӣ, таҳсил, иҷозат барои истиқомати муваққатӣ, иҷозат барои истиқомати доимӣ (вид на жительство) ё дигар асосҳои пешбининамудаи қонун бошад.
Барои киҳо истисно пешбинӣ шудааст?
Маҳдудият нисбат ба аъзои оилаи мутахассисони баландихтисос татбиқ нахоҳад шуд. Ин маънои онро дорад, ки аъзои оилаи шаҳрвандони хориҷие, ки мақоми расмии мутахассиси баландихтисосро доранд, минбаъд низ метавонанд ҳамроҳи онҳо ба Россия ворид шаванд ва дар ин кишвар иқомат кунанд.
Чаро ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо пешниҳод мешавад?
Ба андешаи муаллифони лоиҳаи қонун, қоидаҳои нав ба ҳалли масъалаҳои зерин мусоидат хоҳанд кард:
- беҳтар ба роҳ мондани назорати ҷараёнҳои муҳоҷират;
- коҳиш додани сарборӣ ба мактабҳо, дармонгоҳҳо ва хадамоти иҷтимоӣ;
- маҳдуд намудани роҳҳои эҳтимолии муҳоҷирати ғайриқонунӣ.
Қоидаҳои нав кай метавонанд мавриди амал қарор гиранд?
Агар лоиҳаи қонун қабул шавад, қоидаҳои нав метавонанд аз 1 январи соли 2027 мавриди амал қарор гиранд
Айни замон лоиҳаи қонун дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад. Аз ин рӯ, ба муҳоҷирон тавсия дода мешавад, ки иттилооти расмиро пайгирӣ намоянд