Аз 4 то 10 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе вохӯрии солонаи ҳамоҳангсозии шабакаи минтақавии M4D баргузор гардид, ки дар он ҳамкорон ва шарикон аз Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон иштирок намуданд. Гурӯҳи Арманистон низ ба вохӯрӣ ба таври маҷозӣ ҳамроҳ шуда, дар фаъолияти муштарак ва муҳокимаҳо фаъолона иштирок намуд.
Чорабинӣ дар доираи семинари минтақавии «Таҳкими иқтидори институтсионалии ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ», ки аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Гендер ва тараққиёт» бо дастгирии молиявии Caritas France ташкил карда шуд, баргузор гардид.
Вохӯрӣ бо ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти шабакаи минтақавӣ оғоз гардид. Намояндагони ташкилотҳои шарик оид ба натиҷаҳои бадастомада ва таҷрибаи худ дар самти расонидани дастгирии иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ мубодилаи афкор намуда, инчунин мушкилоти асосӣ ва масъалаҳоеро, ки таваҷҷуҳ ва баррасии муштаракро тақозо мекунанд, муайян намуданд.


Ба рушди минбаъдаи шабакаи M4D таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Шарикон масъалаҳои устувории фаъолияти ташкилотҳо, дурнамои ҳамкорӣ ва имкониятҳои ҷалби захираҳои навро баррасӣ намуданд. Дар ҷараёни ҷаласаҳои стратегӣ таҳлили SWOT гузаронида шуд, ки он барои арзёбии ҷиҳатҳои қавӣ ва заифи шабака, имкониятҳои мавҷуда ва хатарҳои эҳтимолӣ мусоидат намуд. Натиҷаҳои бадастомада барои баррасии самтҳои афзалиятноки минбаъда ва қадамҳои мушаххас ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ замина фароҳам оварданд.
Қисмати амалии барнома омӯзиши истифодаи зеҳни сунъиро дар бар гирифт. Таҳти роҳбарии коршинос Рустам Гулов иштирокчиён бо имкониятҳои ChatGPT, Claude ва Gemini шинос шуда, истифодаи ин абзорҳоро барои таҳияи дархостҳои лоиҳавӣ, коркарди иттилоот, таъсиси пойгоҳҳои донишии ташкилотҳо ва ҷустуҷӯи имкониятҳои дарёфти маблағгузории грантӣ дар амал санҷиданд. Омӯзиш ба иштирокчиён имкон фароҳам овард, ки ба вазифаҳои муқаррарии кории худ аз дидгоҳи нав назар андозанд ва роҳҳои осон намудани иҷрои онҳоро бо истифода аз технологияҳои муосир омӯзанд.


Дар идомаи барномаи таълимӣ машғулиятҳо оид ба мониторинг ва арзёбии лоиҳаҳо баргузор гардиданд. Иштирокчиён бо маълумот кор карда, муайян намудани натиҷаҳои асосӣ ва истифодаи онҳоро барои қабули қарорҳо омӯхтанд. Машқҳои амалӣ ба иштирокчиён имкон доданд, ки беҳтар дарк намоянд, ки чӣ гуна мониторинг метавонад ба сари вақт ошкор намудани мушкилот, такмили барномаҳо ва баланд бардоштани сифати дастгирии муҳоҷирон мусоидат кунад.
Барнома инчунин табодули таҷрибаро бо муассисаҳои соҳавӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар бар гирифт. Диққати асосӣ ба масъалаҳои омодагии пеш аз сафар, расонидани кӯмаки иттилоотӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ ба муҳоҷирон, ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо ва механизмҳои равона намудани муроҷиатҳо ба сохторҳои дахлдор равона карда шуд. Муҳокимаҳо имкон фароҳам оварданд, ки иштирокчиён бо таҷрибаҳои мавҷуда шинос шуда, имкониятҳои ҳамкории минбаъдаро баррасӣ намоянд.


Дар доираи вохӯрӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Йоҳан Шиттерер, намояндагони шабакаи M4D оид ба фаъолияти шабака, дастовардҳо ва самтҳои асосии кори он маълумот пешниҳод намуданд. Дар чорабинӣ инчунин намояндагони корпуси дипломатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доштанд. Муколама ба таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва дурнамои рушди ташаббусҳои муштарак дар соҳаи муҳоҷират бахшида шуд.
Баррасии масъалаҳои қонунгузории муҳоҷират ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон дар доираи мизи мудаввар таҳти унвони «Равишҳои муосир ба танзими муҳоҷират: қонунгузорӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва таҷрибаи минтақавӣ» идома ёфт. Иштирокчиён муқаррароти асосии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират», тағйироти пешниҳодшаванда дар самти танзими равандҳои муҳоҷират, инчунин таҷрибаи кишварҳои минтақа дар самти дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро баррасӣ намуданд. Дар ҷараёни муҳокима аҳамияти ҳамкории мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳалли масъалаҳои муштарак таъкид гардид.



Ба Caritas France барои дастгирии молиявии вохӯрӣ, ба ҳамаи шарикони шабакаи минтақавии M4D барои иштироки фаъолона, ҳамкории ошкоро ва омодагӣ ба табодули таҷриба, инчунин ба коршиносони даъватшуда ва намояндагони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ барои пешниҳоди дониш, андешаҳо ва саҳмгузорӣ дар фаъолияти муштарак изҳори сипос менамоем. Ҳамчунин, ба Сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон барои пазироии самимӣ ва фароҳам овардани имконияти муколамаи судманд изҳори миннатдории махсус менамоем.
Якҷоя — барои муҳоҷирати бехатар! 🤝